Солеҳӣ: Эрон ба фаъолиятҳои ҳастаии худ бо қудрат идома медиҳад
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолиятҳои ҳастаии худро дар бахшҳои иктишоф ва истихроҷ, ғанисозӣ, сохти нерӯгоҳ ва сонтрифугҳои ҷадид бо қудрат идома медиҳад.
Алиакбари Солеҳӣ шомгоҳи сешанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи чаҳоруми телевизиони Эрон афзуд, баҳси фаннии БарҶом ба гунае будааст, ки Эрон битавонад фаъолиятҳои ҳастаии худро бидуни нақзи ин тавофуқ анҷом диҳад.
Солеҳӣ бо баёни ин ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иҷоза надоданд, ки санъати ҳастаӣ бо БарҶом мутаваққиф шавад, хотирнишон кард: Пас аз дастури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хусуси талош барои ғанисозии ураниюм бо зарфияти 190 ҳазор Су, пешрафтҳои хубе дар ин замина ба даст омадааст.
Раиси Созмони энержии атомии Эрон изҳор дошт, ҳудуди 10 рӯзи дигар 30 тон кейки ураниюм аз Ардакон ба Исфаҳон (маркази Эрон) мунтақил мешавад.
Солеҳӣ ҳамчунин бо ишора ба хуруҷи Амрико аз БарҶом изҳор дошт, Амрико бо мантиқи зӯр кишварҳоро таҳдид мекунад, аммо иҷмои ҷаҳонӣ, ки Вашингтон битавонад ба он мутавассил шавад, вуҷуд надорад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ чаҳоруми июни 2018 дар маросими бистунуҳумин солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, масъулони Созмони энержии атомии Эронро муваззаф карданд, суръати омодагиҳои лозимро барои расидан ба 190 ҳазор Су дар чорчӯби БарҶом фароҳам кунанд.