Даъвати Эрон аз хабарнигорони расонаҳои ҷаҳон барои боздид аз ҷозибаҳои ин кишвар
Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон дар ҳошияи ойини кушоиши сиву нуҳумин Намоишгоҳи гардишгарии Фитури Испания аз хабарнигорон ва расонаҳои кишварҳои мухталиф даъват кард, бо сафар ба Эрон аз ҷозибаҳои гардишгарӣ ва осори фарҳангии таърихии ин кишвар дидан кунанд.
Алиасғари Мунисиён ҳамчунин дар гуфтугӯ бо телевизиони миллии Испания аз мардуми ин кишвар хост, ба Эрон сафар кунанд ва аз наздик шоҳиди зебоиҳои беназири Эрон бошанд.
Вай тасреҳ кард: Гардишгароне, ки ба Эрон сафар мекунанд, пас аз бозгашт, тасвири дигаре ғайр аз ончи аз расонаҳои мухталиф шунидаанд, аз Эрон хоҳанд дошт.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар сиву нуҳумин Намоишгоҳи гардишгарии Фитури Испания дар қолаби 31 саёҳати гардон, бахше аз зарфиятҳо, имконот ва ҷозибаҳои гардишгарӣ ва ҳунарии Эронро ба намоиш гузоштааст.
Намоишгоҳи Фитур то 27 январ дар Мадрид, пойтахти Испания бо ҳузури 10 ҳазору 485 ширкат аз 165 кишвари ҷаҳон доир хоҳад буд.