Аввалин паёми савтии Марзияи Ҳошимӣ пас аз озодӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41197-Аввалин_паёми_савтии_Марзияи_Ҳошимӣ_пас_аз_озодӣ
Шабакаи телевизионии эронии Пресс Тиви аввалин паёми муҷрии худ Марзияи Ҳошимиро пас аз озодӣ дар Вашингтон дар Твиттер мунташир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 24, 2019 10:54 Asia/Dushanbe

Шабакаи телевизионии эронии Пресс Тиви аввалин паёми муҷрии худ Марзияи Ҳошимиро пас аз озодӣ дар Вашингтон дар Твиттер мунташир кард.

Муҷрии Пресс Тиви баъд аз зуҳри чаҳоршанбе аз боздошт озод шудааст.

Марзияи Ҳошимӣ, хабарнигори амрикоитабори шабакаи Пресс Тиви наздик ба 11 рӯз дар зиндони Амрико ба сар бурд ва дар ибтидои дастгирӣ ҳуқуқи мазҳабӣ ва фардии вай нодида гирифта шуда буд.  

Вай, ки яке аз муҷриёни Пресс Тиви ва мутаваллиди Амрикост, 13 январ бидуни иқомаи ҳеҷ далеле дар фурудгоҳи Сент-Луиси Амрико боздошт ва ба як боздоштгоҳи полиси федерали Амрико (FBI) дар Вашингтон Диси мунтақил шуда буд. Ӯ барои дидор бо хонавода ва аёдат аз бародари бемораш ба зодгоҳаш сафар карда буд.