Январ 24, 2019 16:27 Asia/Dushanbe
  • Дасти пинҳони Исроил дар моҷарои боздошти Марзия Ҳошимӣ

Синтия МакКинни, ки намояндаи 6 давраи Конгресси Амрико буда, мӯътақид аст, ки дар фишорҳои ахир ба Марзия Ҳошимӣ на мардум нақш доштанд ва на Конгресси Амрико, балкӣ омили аслии фишор, давлати пинҳони Исроил будааст.

Ба гузориши Спутник, Синтия МакКинни дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони эронии “Уфуқ” дар мавриди нақши давлати сояи Исроил дар дастгирии Марзия Ҳошимӣ гуфт: Эътиқод дорам, ки давлати пинҳон яъне Исроил, мустақиман масъули ин иттифоқот аст.

Вай дар посух ба ин савол, ки оё ҳадс мезадед Марзия Ҳошимӣ дастгир шавад, афзуд: Ҳаргиз интизор надоштам, ки достоне бо ин шева рух бидиҳад. Дар ҳақиқат бояд гуфт, ки кори давлати пинҳон чунин аст. Онон нақша мерезанд, ки мардумро ғофилгир кунанд. Ба назарам давлати пинҳон дар Амрико ҳамон саҳюнистҳо ҳастанд.

МакКинни гуфт: Бояд бигӯям, ки мардуми Амрико ва Конгресс барои давлати Амрико ҳеҷ аҳамияте надоранд, балкӣ аввалавиятҳои таҳти контроли Исроил барои онон муҳимм аст. Онон тамоюл доранд, ки Амрикоро нобуд кунанд ва дар идома қасд доранд, бо нобудии кишварҳои араби Ховари Миёна, заминасозии нобудии Эронро фароҳам кунанд.

Марзия Ҳошимӣ, муҷрии “Пресс Тв” баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе аз боздошт озод шудааст.

Ин хабарнигори амрикоитабори шабакаи “Пресс Тв” наздик ба 11 рӯз дар зиндони Амрико басар бурд ва дар ибтидои дастгирӣ, ҳуқуқи мазҳабӣ ва фардии вай нодида гирифта шуда буд.