Фардо ҷумъа: Оғози размоиши бузурги Нерӯи заминии артиши Эрон
Фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, размоши бузурги "Иқтидор 97"-и ин нерӯ фардо (ҷумъа) дар минтақаи умумии Насрободи устони Исфаҳон (маркази Эрон) оғоз мешавад.
Генерал Каюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ афзуд: Дар размоиши бузурги "Иқтидор 97" аз болгардҳои муҷаҳҳаз ба қудрати даргирии аҳдофи шабона ва интиқоли нерӯ дар шаб ва бархе дигар аз дастовардҳои муҳимми болгардии нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯнамоӣ мешавад.
Генерал Ҳайдарӣ гуфт: Рӯнамоӣ аз анвои таҷҳизот, таслиҳот ва адавоти бумишуда бо тавони донишмандони эронӣ аз дигар барномаҳои размоиши бузурги "Иқтидор 97" аст.
Фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, тасреҳ кард, дар буъди ягонҳои ҷангол (ҷанги электронӣ) низ, қудрати паҳподи нерӯи заминии артиш ба намоиш гузошта мешавад.
Генерал Ҳайдарӣ аз дигар вежагиҳои размоиши бузурги "Иқтидор 97"-и нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эронро қудрати интиқоли ба мавқеъ, сареъ ва пуртаҳарруки ягонҳои сангини зиреҳӣ эълом кард.