Марзия Ҳошимӣ: Барои ақоидам дар Амрико боздошт шудам
Хабарнигор ва муҷрии шабакаи хабарии Пресс-ТВ гуфт: Дар Амрико ба далели ақоидаш боздошт шудааст.
Марзия Ҳошимӣ хабарнигор ва муҷрии шабакаи хабарии Пресс-ТВ, ки дар Амрико боздошт шуда буд, дар мусоҳиба бо Ассошиэйтедпресс гуфт: Иллати боздошти ӯ шуғлаш ба унвони як хабарнигор ва ақоидаш будааст.
Ҳошимӣ, ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе, як рӯз баъд аз озодӣ аз зиндон матраҳ кард.
Марзия Ҳошими бо ишора ба шиори «Дубора Амрикоро боазамат кунем», ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико онро матраҳ кардааст, гуфт: Намедонам манзур аз «дубора Амрикоро боазамат кунем» чист, вале агар манзур ин бошад, ки рӯз ба рӯз ҳуқуқи асосии инсонҳо аз онҳо бештар ва бештар гирифта шавад, ин аз назари ман боазамат шудани Амрико нест.
Муҷрии Пресс-ТВ афзуд: Ман ба ҳақиқат ва фарёд задани ҳақиқат эътиқоди росих дорам. Мӯътақид ба расотар кардани садои мазлумонам ва ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки ин бо сиёсатҳои қудратҳои мавҷуд таноқуз дорад ва бахши зиёде аз моҷаро марбут ба ҳамин аст.
Хабарнигори Пресс-ТВ ба ҳеҷ ҷурме муттаҳам нашуда ва давлати Амрико, эълом карда, вай ба унвони «шоҳиди калидӣ» барои адои шаҳодат дар таҳқиқоти марбут ба як парвандаи қазоии номушаххас боздошт шуда буд.
Марзия Ҳошими асри чаҳоршанбе (ба вақти Вашингтон), баъд аз 11 рӯз боздошт дар Амрико, озод шуд.