Январ 27, 2019 18:44 Asia/Dushanbe
  • Нахустин курсии байналмилалии Эрон дар ANOC

Ризо Қарохонлу, раиси Академияи миллии олимпии Эрон, узви Комиссияи фарҳанг ва омӯзиши ANOC шуд.

ANOC дар ҳар як аз панҷ қорраи ҷаҳон дорои зермаҷмуае аз Шӯрои олимпии Осиё, кумитаҳои миллии олимпии Аврупо, анҷумани кумитаҳои миллии олимпии Африқо ва кумитаҳои милли олимпии Уқёнусия аст, ки масъулияти сиёнат аз аҳдофи маншури олимпӣ ва иртибот бо кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои ҳар қорраро дорад.

Намояндагоне аз Русия, Шри-Ланка, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Гуам, Намибия ва Бразилия ба ҳамроҳи Эрон аъзои ҷадиди Комиссияи фарҳанг ва омӯзиши анҷумани кумитаҳои миллии олимпиро аз соли ҷорӣ то 2022 ташкил медиҳанд.

Ин анҷуман якшанбе барои тавсеаи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот байни кумитаҳои миллии олимпӣ ва ироаи тарҳҳо ва пешниҳодоти лозим ба кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Парижи пойтахти Фаронса ташкил шудааст.

 

Барчасп