Даври ҷадиди ройзаниҳои Эрон ва Туркманистон
(last modified Sun, 27 Jan 2019 15:34:20 GMT )
Январ 27, 2019 20:34 Asia/Dushanbe
  • Даври ҷадиди ройзаниҳои Эрон ва Туркманистон

Даври ҷадиди ройзаниҳои Эрон ва Туркманистон рӯзи шанбе бо ҳузури Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷа ва Вафо Ҳоҷиев, муовини вазири хориҷаи Туркманистон дар Теҳрон баргузор шуд.

Дар ин нишаст роҳкорҳо ва барномаҳои муштарак барои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Дутараф ҳамчунин бар зарурати эҷоди зарфиятҳои ҷадиди ҳамкорӣ аз ҷумла дар ҳавзаҳои энержӣ ва транзит таъкид ва дар бораи ба рӯз кардани нақшаи роҳи равобити ду кишвар тавофуқ карданд.

Дар як арзёбии куллӣ, сатҳи ҳамкориҳои Эрон ва Туркманистонро метавон аз ду ҷанба ҳоизи аҳаммият донист:

Ҷанбаи нахусти ин ҳамкориҳо, ки аз аҳаммияте зерсохтӣ бархурдор аст, бахши ҳамлу нақл аст.

Дар заминаи тавсеаи ҳамлу нақл ва коридорҳои транзитӣ, ки дастрасии муассир ба бозорҳои ҷаҳониро аз тариқи кӯтоҳтарин масирҳо фароҳам мекунад, дар сафари соли гузаштаи раисҷумҳури исломии Эрон ба Туркманистон дутараф тавофуқ карданд.

Ҷанбаи дувум аҳаммияти тавсеаи муносиботи Эрон ва Туркманистон, таъсиргузор будани ин равобит бар тақвияти субот ва амният дар минтақа аст.

Беҳрӯзи Қизил, таҳлилгари аршади Осиёи Марказӣ бо ишора ба ноамниҳо ва эҷоди конунҳои буҳрон дар муҳити перомунии Эрон муътақид аст, ки бесуботӣ дар ҳавзаи перомунӣ барои ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷгоҳ зарфиятсоз набудааст. Ҳаргуна нопойдории умда дар мавзуоти сиёсӣ ва амниятии минтақаӣ дар солҳои гузашта, ба навъе пои қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаиро ба ин конунҳои буҳрон боз карда, аммо Эрон, нишон дода, ки аз тавонмандии қобили таваҷҷуҳе дар заминаи мубориза бо терроризм бархурдор аст.

Ду кишвар метавонанд бистари ҳамкориҳои ду ва чандҷонибаро густардатар созанд, ки дар ниҳоят муҷиби тақвияти ҳамкориҳои ҷамъӣ хоҳад шуд.

Даври ҷадиди ройзаниҳои Эрон ва Туркманистон дар Теҳрон бо ҳамин ҳадаф баргузор шуд.