Январ 28, 2019 10:21 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти вазири иқтисоди Фаронса дар бораи тарҳи вижаи тиҷорат бо Эрон

Вазири иқтисод ва дороии Фаронса аз иҷро шудани созу кори вижаи тиҷорат бо Эрон дар чанд рӯзи оянда хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Рейтрез, Брюно Ле Мэр (Bruno Le Maire) рӯзи якшанбе гуфт, созу кори вижае, ки ба аврупоиҳо имкон медиҳад бо вуҷуди таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон, бо Теҳрон ба тиҷорат идома диҳанд.

Вазири иқтисод ва дороии Фаронса афзуд, Бритониё, Олмон ва Фаронса дар рӯзҳои оянда, як ниҳоди молии аврупоии мустақил барои тиҷорат бо Эрон ташкил хоҳанд дод.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) январи 2016 иҷроӣ шуд, аммо давлати Амрико борҳо бо бадаҳдӣ дар иҷрои БАРҶОМ, саранҷом (ҳаштуми майи 2018) бо такрори иттиҳомҳои беасос зидди Эрон, аз БАРҶОМ хориҷ ва таҳримҳои ҳастаии зидди Эронро бозгардонд.

Кишварҳои аврупоӣ пас аз хурӯҷи якҷониба ва ғайри қонунии Амрико аз БАРҶОМ, хостори ҳифзи ин тавофуқи байналмилалӣ шуданд ва аз Эрон низ хостанд бо вуҷуди хурӯҷи Вашингтон аз БАРҶОМ, ба ин тавофуқ пойбанд бошад.

Музокироти Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар хусуси ҳифзи БАРҶОМ бидуни расидан ба натиҷа, ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп