Январ 28, 2019 11:27 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бозорчаи марзии муштараки Покистон ва Эрон

Давлати Покистон дар минтақаи марзии Тафтон, бозорчаи марзии муштарак бо Эрон ифтитоҳ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, тавофуқи кушоиши бозорчаи муштараки Эрон ва Покистон дар нуқтаи марзӣ, ки дар нишасти муштараки ахири комиссияи марзии ду кишвар ҳосил шуда буд, рӯзи якшанбе иҷроӣ шуд.

Муҳаммади Рафеъӣ, сарконсули Эрон дар шаҳри Кувейта, маркази иёлати Балучистони Покистон низ дирӯз эълом кард, минтақаи озоди иқтисодии ду кишвар дар Мирҷова ифтитоҳ мешавад.

Сарконсули Эрон дар Кувайта яке аз аҳдоф эҳдоси бозорчаи марзиро тасҳили раванди мубодилоти тиҷории Эрон ва Покистон ва ҷилавгирӣ аз қочоқи коло унвон кард.

Покистон ҳафтумин бозори колоҳои эронӣ маҳсуб мешавад.

 

Барчасп