Январ 29, 2019 18:51 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад: Қадрдони раҳбари муаззам, давлат ва миллати Эрон ҳастем

Башор Асад аз ҷониби миллати Сурия аз раҳбари инқилоби исломӣ, давлат ва миллати Эрон ба сабаби ҳимоят аз Сурия дар мубориза бо терроризм ва мудохилаи хориҷӣ ташаккур кард.  

Башор Асад дар дидори Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳури Эрон дар Димишқ, бо қадрдонӣ аз раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва давлат ва миллати Эрон аз ҷониби миллати Сурия гуфт: “Пас аз озодсозии комили Сурия, бозсозии кишвар муҳимтарин авлавияти давлат аст ва мо хоҳони ҳузур ва ҳамкории бештари ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Эрон дар ин замина ҳастем”.

Асад бо ишора ба музокироти Эрон ва Сурия дар чаҳордаҳумин Комиссияи муштараки ду кишвар гуфт: Имзои қарордоди ҳамкориҳои иқтисодии роҳбурдии Теҳрон ва Димишқ ба иҷрои беҳтари тавофуқҳо кумак хоҳад кард.  

Чаҳордаҳумин давраи Комиссияи ҳамкории иқтисодии Эрон ва Сурия якшанбеи гузашта бо ҳузури беш аз сад нафар аз тоҷирон, содиркунандагон ва фаъолони бахши хусусии Эрон ба раёсати вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар Димишқ оғоз ба кор кард.  

Муовини аввали раисҷумҳури Эрон низ дар дидор бо Башор Асад бо ишора ба ҳузури ҳайъати баландпояи эронӣ дар Димишқ, гуфт: Ҳузури ин ҳайъат дар ин замон, ин паёмро дорад, ки ҷанги Сурия рӯ ба поён аст ва замони бозсозии ин кишвар фаро расидааст.

Ҷаҳонгирӣ бо таҷлил аз пирӯзии давлат ва миллати Сурия дар баробари террористҳо таъкид кард: Агар ДИИШ дар минтақа давлат ташкил медод ва ҳастаи гурӯҳҳои террористӣ аз байн намерафт, ғарбиҳо бояд террор, хушунат ва ҷиноятҳои ғайриинсониро дар кишварҳои худ шоҳид мебуданд.