Январ 29, 2019 21:21 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи донишҷӯён муқобили сафорати Венесуэла дар Теҳрон

Ҷамъе аз донишҷӯён ва дигар шаҳрвандони эронӣ дар эътироз ба кудатои амрикоӣ дар Венесуэла, муқобили сафорати ин кишвар дар Теҳрон таҷаммуъ карданд.  

Фаъолони донишҷӯӣ ва ҷамъе аз мардуми Теҳрон имрӯз дар ин таҷаммуи эътирозӣ бо шиорҳоии Аллоҳу Акбар, марг бар Амрико, марг бар Англия ва марг бар Исроил, кудатои амрикоӣ дар Венесуэларо маҳкум карданд.

Таҷаммуъкунандагон ҳамчунин бо интишори баёнияе дахолати мустақими Амрикоро дар умури дохилии кишвари Венесуэла маҳкум карданд.

Хесус Грегорио Гонсалес, сафири Венесуэла дар Теҳрон низ дар канори мардум ҳузур ёфт ва зимни ташаккур аз ҳимояти Эрон ва дигар кишварҳои озода аз давлати қонунии Венесуэла, эътирози худро ба сиёсатҳои мудохилаҷуёнаи давлати Амрико баён кард.

Венесуэла дар чанд моҳи гузашта шоҳиди нооромӣ ва тазоҳуроти мухолифони давлати ин кишвар аст.

Амрико низ бо таҳрими давлати Венесуэла ва ҳимоят аз мухолифон талош мекунад, давлати қонунии ин кишварро, ки рӯйкарде зиддиамрикоӣ дорад, сарнагун кунад.