Январ 31, 2019 11:43 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони 6 кишвари Осиёи Марказӣ

Нахустин давраи рақобатҳои дави майдонии дохили салони Осиёи Марказӣ авохири феврали соли ҷорӣ дар Теҳрон баргузор мешавад.

Нахустин давраи Мусобиқоти дави майдонии дохили салони Осиёи Марказӣ бо ҳузури тимҳои Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон, авохири феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Офтоби инқилоби Теҳрон баргузор мешавад.

Бар асоси тақсимбандии минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳафт кишвар шомили Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки токунун танҳо Узбакистон барои ҳузур дар ин мусобиқот эъломи омодагӣ накардааст.