Сарлашкар Сафавӣ: Эрон ба яке аз қудратҳои муҳимми ҷаҳон табдил хоҳад шуд
Дастёри вижа ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон, бо баёни ин ки орзӯи Амрико барои табдил ба танҳо абарқудрати дунё шикаст хӯрдааст, гуфт: Эрон дар оянда ба яке аз қудратҳои муҳимм табдил хоҳад шуд.
Ба гузориши ИРНА, сарлашкар (генерал-майор) Саидяҳё Раҳими Сафавӣ рӯзи панҷшанбе дар иҷлоси миллии маҳдавият ва Инқилоби Исломӣ дар Қум (ҷануби Теҳрон) бо баёни инки ҷаҳон ба самти чандқудратӣ ҳаракат мекунад, афзуд: Фарҳанги либерализми ғарбӣ дигар барои наҷоти башар илҳомбахш нест ва даврони он, монанди коммунизм ба поён расидааст.
Сафавӣ изҳор кард, орзӯи эҷоди давлати исломӣ дар Афғонистон, хилофати исломӣ дар Сурия ва Ироқ тавассути созмонҳои иттилоотии хориҷӣ бо ҳазинаи кишварҳои минтақа барои муқобила бо Эрон шакл гирифт ва раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, фитнаҳои минтақаиро мудирият кард ва мардуми Ироқ ва Сурияро наҷот дод ва иншоаллоҳ мардуми Фаластинро низ наҷот хоҳад дод.
Вай, хотирнишон кард, то соли 2050 ҷамъияти мусулмонон ба беш аз 2 миллиард нафар афзоиш меёбад ва агар мусулмонон ҳавли меҳвари идеология муттаҳид ва дар баробари душман, аҳдоф ва манофеи муштарак якпорча шаванд, ҳеҷ қудрате тавони истодан дар баробари Исломро нахоҳад дошт.
Сарлашкар Сафавӣ таъкид кард, муҳиммтарин тафовути Инқилоби Исломии Эрон бо дигар инқилобҳо, радди низоми дуқутбӣ дар ҷаҳон, тарсими низоми ҷадиди қудрат ва дидгоҳи наҷотбахш барои тамоми башарият ва мардумӣ будани он аст.