Феврал 01, 2019 18:37 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ: Мардуми Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман, душманонро маъюс мекунанд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо табрики оғози «Даҳаи фаҷр» гуфт: Мардуми Эрон бо ҳузур дар роҳпаймоии 22 баҳман, душманонро маъюс ва тавтиаҳои ононро беасар мекунанд.

Оятуллоҳ Муҳаммади Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъа ин ҳафтаи Теҳрон, бо баёни ин ки режими Паҳлавӣ аз назари ҳақорат, ақибафтодагӣ ва кӯчакӣ дар баробари Амрико ва режими саҳюнистӣ, аз низоми олудаи Саудӣ ҳам бадтар буд, афзуд: Мардуми Эрон бо эсор ва фидокорӣ сабаби пирӯзии инқилоби исломӣ шуданд.

Хатиби намози ҷумъа Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба тавтеаҳои душманон дар минтақаи ғарби Осиё изҳор кард: Мусалласи шуми Амрико, режими саҳюнистӣ ва Оли Сауд, дар тавтиае, ки худ эҷод карданд, гирифтор шудаанд.

40 сол пеш дар чунин рӯзе, дувоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (аввали феврали 1979) ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз понздаҳ сол дурӣ ва табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршури мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали соли 1979) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид. Ба ҳамин далел, аз рӯзи дувоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вуруди Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон то бистудувуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст, "Даҳаи фаҷр" номгузорӣ шудааст ва ҳар сол, ҷашнҳо ва маросими вижаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.

 

Барчасп