Рӯнамоии Эрон аз мушаки крузи бурди баланди заминии “Ҳувайза”
(last modified Sat, 02 Feb 2019 07:24:33 GMT )
Феврал 02, 2019 12:24 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоии Эрон аз мушаки крузи бурди баланди заминии “Ҳувайза”

Ҳамзамон бо чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, аз мушаки крузи бурди баланди заминии “Ҳувайза” рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, амир сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи рӯнамоӣ аз мушаки крузи бурди баланди заминии “Ҳувайза” дар Теҳрон, бо табрики айёми даҳаи Фаҷр гуфт, мушаки “Ҳувайза”, ки бо пешрафтатарин фанноварии рӯзи ҷаҳон тавассути мутахассисон ва донишмандони эронӣ сохта шудааст, дорои бурди парвозии беш аз як ҳазору 350 километр аст, ки зидди аҳдофи заминии собит истифода мешавад.

Сартип Ҳотамӣ омодасозӣ ва вокуниши сареъ, иртифои парвозии пойн, диққати болои новбарӣ ва исобат ба ҳадаф ва қудрати тахриби зиёдро аз вижагиҳои барҷастаи мушаки крузи “Ҳувайза” баршумурд ва афзуд, мушаки “Ҳувайза” намоди худбоварӣ ва як дастоварди муҳими дифоӣ аст, ки нишон медиҳад, ҳеҷ садде ҷилавдори азму иродаи миллати Эрони исломӣ дар ҳавзаи дифоӣ нахоҳад буд.

Вазири дифои Эрон таъкид кард, дастовардҳои арзишманди дифоӣ бо вуҷуди таҳримҳо ва фишорҳои ҳамаҷонибаи душман як бори дигар шиори “Мо метавонем” –ро мутаҷаллӣ сохт ва нишон медиҳад, инқилоб исломии Эрон ҳамчунон пӯё ба масири худ идома медиҳад.