Феврал 03, 2019 18:02 Asia/Dushanbe
  • Фалоҳатпеша: Шароити умедбахши иқтисодӣ дар созу кори молии Аврупо вуҷуд дорад

Раиси Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон гуфт: Созу кори молии Аврупо барои Эрон як гузори сиёсӣ аст, то кишварҳои мухталиф ба ин натиҷа бирасанд, ки бояд бо Эрон ҳамкорӣ кард.

Раиси Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон афзуд: Созу кори молии Аврупо (INSTEX) фазои чоназании Аврупоро бо Амрико боз мекунад ва дар гомҳои баъдӣ, Русия, Чин ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба ин маҷмуаи молӣ хоҳанд пайваст.

Вай тасреҳ кард: Дар Созу кори молии Аврупо барои фурӯши нафти Эрон механизме таъриф нашудааст.

Вай афзуд: Аврупоиҳо бо роҳандозии INSTEX саъй карданд, зимни таъмини ҳаддиақалии хостаи Эрон, фазоро барои чоназанӣ бо амрикоиҳо боз кунанд.