Афзоиши содироти саноеи дастии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41441-Афзоиши_содироти_саноеи_дастии_Эрон
Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон аз рушди 11 дарсадии содироти саноеи дастӣ дар 9 моҳаи соли ҷорӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 03, 2019 21:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти саноеи дастии Эрон

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон аз рушди 11 дарсадии содироти саноеи дастӣ дар 9 моҳаи соли ҷорӣ хабар дод.

Алиасғари Мунисон Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон, дар боздид аз севумин Ҷашнвораи саноеи дастӣ ва ҳунарҳои суннатӣ дар Теҳрон афзуд: Дар 9 моҳаи соли ҷории шамсӣ 190 миллион доллар саноеи дастии Эрон содир шудааст.

Вай афзуд, ки ин рақам дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 11 дарсад рушд доштааст.