Ҳамлаи террористӣ ба корвони зоирони эронӣ дар устони Салоҳиддини Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41443-Ҳамлаи_террористӣ_ба_корвони_зоирони_эронӣ_дар_устони_Салоҳиддини_Ироқ
Дар ҳамлаи террористӣ ба корвони зоирони эронӣ дар устони Салоҳиддин дар шимоли Ироқ, як нафар шаҳид ва 9 нафари дигар захмӣ шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 04, 2019 09:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба корвони зоирони эронӣ дар устони Салоҳиддини Ироқ

Дар ҳамлаи террористӣ ба корвони зоирони эронӣ дар устони Салоҳиддин дар шимоли Ироқ, як нафар шаҳид ва 9 нафари дигар захмӣ шуданд.

Автобуси ҳомили корвони зоирони эронӣ якшанбе шаб дар минтақаи Қано дар ҷануби шаҳри Билд дар устони Салоҳиддин мавриди ҳамлаи террористҳо қарор гирифт.  

Дар ин ҳамлаи террористӣ як хонуми 34 сола бар асари шиддати ҷироҳоти ворида шаҳид ва ронанда ва ҳашт зоири дигар захмӣ шуданд.