Феврал 04, 2019 15:36 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин китобхонаи умумии кишвар дар Машҳад ба баҳрабардорӣ расид

Бузургтарин китобхонаи умумии кишвар дар Машҳад бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ субҳи имрӯз дар Машҳад ба баҳрабардорӣ расид.

Ин китобхона, ки музайян ба номи имом Хумайнӣ (р) аст, дар маросиме расмӣ бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, шаҳрдори Машҳад, устондори Хуросони Разавӣ ва теъдоде аз намояндагони Машҳад дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ ба баҳрабардорӣ расид.  

Амалиёти сохт ва баҳрабардорӣ аз ин китобхона ба муддати 23 сол ба тӯл кашида буд ва имрӯз ва ҳамзамон бо чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Машҳад ба баҳрабардорӣ расид.