Сафири Покистон дар Эрон: Равобити Исломобод бо Теҳрон фаротар аз ҳамсоягӣ аст
Сафири ҷадиди Покистон дар Эрон, равобити Исломобод бо Теҳронро фаротар аз равобити ҳамсоягӣ донист ва бар густариши ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба таъкид кард.
Хонуми Рафъат Масъуд, сафири ҷадиди Покистон дар Теҳрон зимни табрики фаро расидани чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ба мардум ва давлати Эрон гуфт: Пайвандҳои амиқ ва бародаронаи Эрон ва Покистон ҳамвора устувор ва ногусастанӣ хоҳад монд ва қатъан ин равобит рӯз ба рӯз маҳкамтар хоҳад шуд.
Вай, ки ба унвони нахустин сафири зани Покистон дар таърихи равобити кишвараш бо Эрон, ба Теҳрон эъзом шудааст, аз нақши фаъоли занон дар ҷомеаи Эрон тамҷид кард ва афзуд: Мутаассифона мардум дар бархе кишварҳо ба далели қарор гирифтан дар маърази таблиғоти нодурусти расонаҳои бегона тасаввур мекунанд, ки дар Эрон занон озодӣ надоранд.