Феврал 06, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкории гумрукии Эрон ва Русия

Раисони гумруки Эрон ва Русия бо ҳадафи густариши ҳамкории ду кишвар дар заминаи мубориза бо қочоқи коло ва тахаллуфоти гумрукӣ, санади ҳамкорӣ дар Маскав имзо карданд.

Маҳдии Мирашрафӣ, раиси кулли гумруки Эрон ва Владимир Иванович Булавин, раиси гумруки Русия пас аз имзои ин санад, бар тасҳили тиҷорат ва ҳамкории гумрукӣ аз ҷумла табодули иттилооти электронӣ ва ироаи тасҳилот ба фаъолони иқтисодии ду кишвар таъкид карданд.

Мирашрафӣ ибрози умедворӣ кард: Ҳамкории гумрукии Эрон ва Русия рӯз ба рӯз афзоиш ёбад.

 

Барчасп