Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоб бо афв ва тахфифи муҷозоти густурдаи маҳкумон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41550-Мувофиқати_Раҳбари_муаззами_инқилоб_бо_афв_ва_тахфифи_муҷозоти_густурдаи_маҳкумон
Бо мувофиқати Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҷамъи зиёде аз маҳкумони додгоҳҳои умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва созмони таъзироти ҳукуматӣ, машмули афв ва тахфифи муҷозот қарор гирифта ва аз раъфати исломӣ баҳраманд мешаванд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Феврал 07, 2019 13:34 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоб бо афв ва тахфифи муҷозоти густурдаи маҳкумон

Бо мувофиқати Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҷамъи зиёде аз маҳкумони додгоҳҳои умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва созмони таъзироти ҳукуматӣ, машмули афв ва тахфифи муҷозот қарор гирифта ва аз раъфати исломӣ баҳраманд мешаванд.

Ба муносибати 40-умин солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва айёмуллоҳи даҳаи мубораки Фаҷр ва 22 баҳманмоҳ ҷамъи зиёде аз маҳкумони додгоҳҳои умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва созмони таъзироти ҳукуматӣ, ки маҳкумияти онон то таърихи 11 феврали 2019 қатъият ёфта ва воҷиди шароити истифода аз афв ё тахфифи муҷозот ташхис дода шудаанд, бо мувофиқати Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ машмули афв ва тахфифи муҷозот қарор гирифта ва аз раъфати исломӣ баҳраманд мешаванд.