Феврал 07, 2019 20:40 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон терроризми иқтисодӣ аст

Муовини вазири хориҷаи Русия бо истиқбол аз иҷроӣ шудани махонизми соҳот, гуфт, ки таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ва Сурия ба масоба(монанд)-и терроризми иқтисодӣ аст.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (панҷшанбе) эълом кард, ки таҳримҳои Конгресси Амрико, алайҳи Сурия ва Эрон, мисдоқи боризи «терроризми иқтисодӣ» аст.

Рябков тайи нишасти хабарӣ дар Маскав, бо интиқод аз хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва эҳёи таҳримҳои зайли БАРҶОМ алайҳи Эрон, аз иқдоми се кишвари аврупоӣ (Англия, Фаронса ва Олмон) дар иҷроӣ кардани махонизм тадовуми тиҷорат бо Эрон (соҳот - instex) истиқбол кард.

Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, вай бо таъкид бар лузум ба корбурдани воҳидҳои пули миллӣ дар табодулоти тиҷорӣ байни Эрон ва Русия, гуфт: Мо борҳо дарбораи ин масъала сӯҳбат кардаем, аз ҷумла тариқи сафири худ дар Теҳрон, ки бояд раванди интиқоли таомулоти иқтисодӣ ба истифода аз арзҳои миллиро ба унвони беҳтарин равиш барои ҳифозат аз худ дар баробари сӯи исифодаи Амрико аз нақш доллар, ҳарчӣ сареътари комил кунем.

Муовини вазири хориҷаи Русия дар бораи таҳримҳои Амрико алайҳи Сурия ва ҳомёнаш низ тавзеҳ дод: «Роҳҳое барои ҳаддиақал кардани паёмадҳои таҳримҳои Амрико вуҷуд дорад ва албатта метавон ин равишҳоро беҳбуд низ бахшид. Бистарҳо ва шарикони ҷойгузине вуҷуд дорад, ки бояд тақвият шаванд. Дар хусуси Сурия низ мутмаинам, ки равобити Русия-Сурия, бовуҷуди дахолатҳои Амрико ё ҳар кишвари дигаре, фақат пешрафт хоҳад кард. Ва мӯътақидам, ки таҳримҳои Амрико, терроризми иқтисодӣ ҳастанд».