Феврал 08, 2019 17:22 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: 22 баҳмани имсол пуршукӯҳтар аз солҳои қабл хоҳад буд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд: 22 баҳмани имсол бо ҳушёрии миллат ва ҳузури ҳамаи салиқаҳо ва дидгоҳҳо, пуршукӯҳтар аз солҳои қабл хоҳад буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар дидори фармондеҳон ва ҷамъе аз коркунони неруи ҳавоӣ ва падофанди ҳавоии артиш, дар солрӯзи байъати таърихии халабонон ва коркунони неруи ҳавоӣ бо ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳузури анбӯҳи бешумори миллат дар роҳпаймоии 22 баҳман, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломии Эронро душманшикан ва тарсонандаи он, нишондиҳандаи ҳузури умумии миллат дар саҳна ва таҷаллии азму ваҳдати миллӣ баршумурданд.

Эшон хотирнишон карданд: Вақте ҳифзи инқилоб ва низом ва 22 баҳман ба миён меояд, ҳамаи ихтилофҳо ранг мебозад ва ҳамаи мардум дар канори ҳам ба майдон меоянд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, режими Амрикоро таҷассуми шарорат, хушунат, буҳронсозӣ ва ҷангофаринӣ хонданд ва афзуданд: То вақте режими Амрико бар мабнои шарорат, дахолат, хабосат ва разолат ҳаракат мекунад, шиори "Марг бар Амрико" аз даҳони миллати муқтадири Эрон нахоҳад афтод.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи пешниҳодҳои аврупоиҳо барои ҳифзи БАРҶОМ ва роҳандозии канали вижаи пардохти Аврупо ва Эрон низ ба масъулон тавсия карданд, ба аврупоиҳо эътимод накунанд, балки бо чашми бадбинӣ ба онҳо нигоҳ кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Дар бораи Амрико аз чанд сол қабл ва дар музокироти ҳастаӣ, ҳам дар ҷаласоти хусусӣ ва ҳам дар ҷаласоти умумӣ мукаррар ба масъулон гуфта шуд, ба амрикоиҳо эътимоде накунанд ва акнун натиҷа ин шудааст, масъулоне, ки он рӯзҳо музокира мекарданд, худашон мегӯянд, Амрико ғайриқобили эътимод аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханонашон ҳамроҳ шудани артиш бо миллат дар ҷараёни инқилоби исломиро як неъмати бузург ва нақши неруи ҳавоиро дар ин мавзӯъ бисёр барҷаста донистанд ва гуфтанд: Неруи ҳавоӣ дар пирӯзии инқилоби исломӣ ва мароҳили мухталифи баъд аз он, нақшофарин буд.

 

Барчасп