Феврал 08, 2019 21:04 Asia/Dushanbe
  • Тасалияти солрӯзи шаҳодати духтари Набии мукаррами Ислом (с) ҳазрати Заҳро (с)

Фардо севуми ҷимодиюссонии 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо нӯҳуми феврали 2019 солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари гиромии Ислом ва ҳамсари амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб (а) аст.

Ҳазрати Сиддиқаи Тоҳира Фотимаи Заҳро (с), ки аз кӯдакӣ таҳти роҳнамо‎ҳои падари бузургворашон бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд, дар саросари зиндагии кӯтоҳ, вале пурбаракати худ, саховат, исор, гузашт, сабр, қаноат ва кумак ба зердастонро ба зеботарин шакли мумкин ҷилва‎гар сохтанд ва инсон‎ҳои бузург ва таърих‎созе ҳамчун Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а)-ро дар домонашон парвариш доданд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), ки дар Қуръони Карим аз эшон ба номи Кавсар ба маънои хайру некии бисёр ёд шудааст, пас аз 18 сол зиндагӣ дар севуми ҷимодиюссонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ва ҳудуди ду моҳ пас аз риҳлати падари бузургворашон ба шаҳодат расиданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон тасалият мегӯяд.

 

Барчасп