Фармондеҳи артиши Куба: Моҷароҷӯӣ зидди Эрон иштибоҳи бузург аст
Фармондеҳи артиши Куба беҳтарин роҳи муқобила бо ҷангро омода шудан барои он, донист ва гуфт, моҷароҷӯӣ зидди Эрон як иштибоҳи бузург аст.
Раул Кастро имрӯз (шанбе) бо ҳузур дар намоишгоҳи дастовардҳои дифоии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Теҳрон, зарфиятҳои дифоии Эронро шигифтангез баршумурд ва афзуд, ин сатҳ аз тавоноӣ ҳар душманеро қонеъ мекунад, ки моҷароҷӯӣ зидди Эрон иштибоҳи бузурге аст, чаро ки таърихи ин кишвар нишондиҳандаи муқовимат, истиқомат ва сабр аст.
Фармондеҳи артиши Куба, хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи таъмини сулҳ ва истиқлоли мардуми кишвараш аст.
Алексис Бандарич Вега (Alexis Bandarich Vega), сафири Куба низ рӯзи (ҷумъа) дар боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои дифоии Эрон гуфта буд, Эрон кишваре сулҳталаб аст, аммо таҳдидот алайҳи ин кишвар вуҷуд дорад, ки бояд барои муқобила бо онҳо сатҳи омодагии дифоии худро боло нигаҳ дорад.
Вай ҳамчунин афзуд, миллати Эрон ҳамвора аз истиқлол ва суботи кишварашон ва минтақа дифо кардааст.
Намоишгоҳи дастовардҳои дифоии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо номи "40 соли иқтидор", 30 январ дар Теҳрон оғоз ба кор кард ва то 11 феврал идома дорад.