Феврал 09, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
  • Сӯгвории мардуми саросари Эрон дар солрӯзи реҳлати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)

Маросими азодории солрӯзи реҳлати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) духтари гаромии ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (раз) бо ҳузури густурдаи азодорон дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Имрӯз шанбе сеюми ҷамодиюссонии1440 ҳиҷрии қамарӣ ва 9-уми феврали 2019 солрӯзи реҳлати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) аст.

Иродтмандони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) бо ҳузури густурда дар масоҷид, ҳусайнияҳо, амокини мазҳабӣ ва ҳамчунин боргоҳи малакутии ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳад муқаддас (шимолу шарқи Эрон) ва ҳазрати Маъсума (а) дар шаҳри Қум (ҷануби Теҳрон) дар оини сӯгвории реҳлати духтари Набии Акрам (с) ашки мотам рехтанд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) дар бистуми ҷамодиюссонии соли панҷуми беъсат дар Маккаи Мукаррама чашм ба ҷаҳон кушуданд. Ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) аз кӯдакӣ таҳти роҳнамоиҳои падари гиромиашон, Паёмбари Акрам (с) бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) пас аз 18 сол зиндагӣ бар асари ранҷу ғами вафоти падараш ҳазрати Муҳаммад (с) ба ривояте дар 13 ҷамодиулаввал ва ё сеюми ҷамодиуссонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ реҳлат карданд.

Барчасп