Қосимӣ: Эрон ба фаъолиятҳои мушакии худ идома хоҳад дод
Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба изҳори назарҳои бемабно ва нобаҷои ахири мақомоти амрикоӣ дар бораи барномаи фазоӣ ва мушакии мутаорифи Эрон тасреҳ кард, тавони мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон қобили музокира нест.
Баҳроми Қосимӣ иддаоҳои мақомоти амрикоӣ мабни бар инки барномаи мушакии Эрон ноқизи қатънома 2231 Шӯрои амният астро "дурӯғи бузург" хонд ва тасреҳ кард, фаъолитҳои мушакии Эрон муғойр бо ҳеҷ як аз қатъномаҳои Шӯрои амният аз ҷумла қатъномаи 2231 нест.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон афзуд, Амрико бо таваҷҷуҳ ба хурӯҷи шитобзада ва бемантиқаш аз БАРҶОМ ба унвони як тафоҳуми байналмилалӣ ва қарор гирифтан дар як инзивои байналмилалии нохоста, талош мекунад бо матраҳ кардани ин гуна масоил бари иштибоҳи роҳбурдии худ дар иртибот бо БАРҶОМ сарпӯш бигузорад.
Қосимӣ, қобилиятҳои мушакии Эронро бахше аз тавони машрӯи дифоӣ ва зомини амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баршумурд ва таъкид кард, таҷрибаи ҷанги ҳаштсолаи таҳмилӣ ба танҳоӣ кофӣ аст, ки эрониён барои пешбурди фаъолитҳои худ дар ин ҳавза таҳти таъсири таҳдидҳо ва татмеъҳои ҳеҷ кишваре қарор нагиранд ва дар роҳи пешбурди тавонмандии худ дар ҳавзаи дифоӣ кӯчактарин кӯтоҳӣ накунанд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон хитоб ба Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико тасреҳ кард, агар Помпео фаромӯш карда ва ё дучори фаромӯшӣ шудааст, эҳтимолан мушовирони ҷавони вай метавонад ба ӯ ёдоварӣ кунанд, ки ҳокимони вақти Кохи Сафед ва бархе аз кишварҳои ғарбии дигар дар сентябри 1981 чигуна як фоҷиаро ба миллати Эрон таҳмил карданд ва боиси таҳмили ҷанги 8 сола аз сӯи шахси Садом (диктатори маъдуми Ироқ) алайҳи миллати Эрон шуданд.
Қосимӣ афзуд, амрикоиҳо бояд бидонанд бо ин навъ рафторҳо ва фишорҳо наметавонанд миллати Эронро аз роҳе, ки интихоб карда ба ақиби бозгардонанд ва Эрон бо ирода дар масири иртиқои тавони миллии худ аз ҷумла тавони мушакӣ, ки ҷанбаи боздорандагӣ дорад ва метавонад Эронро дар баробари аҳдофи шуми мутаҷовизон муқовим созад, ҳаракат хоҳад кард.
Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия ҳам ахиран аз мавзеъгирии Амрико дар қиболи барномаи фазоӣ ва мушакии Эрон интиқод ва таъкид карда буд, Эрон бо озмоишҳои фазоӣ ва мушакии худ ҳеҷ гуна иқдоми мамнӯъ аз назари қавонини байналмилалӣ анҷом намедиҳад.