Вазири иттилооти Эрон: Дастгирии 7 тан аз вобастагон ба ДИИШ
Феврал 10, 2019 21:31 Asia/Dushanbe
Вазири иттилооти ҷумҳурии исломии Эрон аз шиносоӣ ва дастгирии ҳафт тан аз вобастагон ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Эрон хабар дод.
Саидмаҳмуди Алавӣ, Вазири иттилооти Эрон афзуд, нерӯҳои амниятии Эрон, токунун бо ишроф ва ҳушёрии комил ва ҳамчунин бо расади фарогир, ҳаракати душманонро мадди назар доштаанд.
Вай дар бораи дастовардҳои саноеи дифоӣ ва пешрафтҳои Эрон дар ин замина гуфт, дар ин арса рушд, пӯёӣ, тавсеа ва навоварӣ дар Эрон ба вуҷуд омадааст.