Феврал 13, 2019 20:45 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи муносиботи Эрон ва Ҷопон, меҳвари музокироти раиси Маҷлиси Эрон дар Токио

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба даъвати Чуичи Дата, раиси Маҷлиси мушовирони (Сенат)- Ҷопон ба ин кишвар сафар кардааст.

Муҳимтарин аҳдофи сафари Лориҷонӣ ба Ҷопон густариши ҳамкории парлумонӣ ва тиҷории дуҷониба эълом шудааст.  

Корномаи равобити ду кишвар нишон медиҳад, муносиботи Теҳрон ва Токио бо вуҷуди заминаҳои қаблӣ таҳти таъсири таҳрим ва фишорҳои Амрико ба зарфиятҳои комили худ даст наёфтааст.

Дар ин миён шояд битавон фурӯши нафтро ба ҷиҳати ниёзи Ҷопон ба воридоти нафт аз Эрон як истисно донист.

Аз ин рӯ, мақомҳои ду кишвар бояд талош кунанд, то ба сатҳи матлубтаре аз равобит даст ёбанд.

Изҳороти Чуичи Дата, раиси Маҷлиси мушовирони Ҷопон дар дидор бо ҳайъати парлумонии Эрон дар ин замина қобили таваҷҷуҳ аст.

Вай бо баёни инки Эрон дорои тамаддуне бузург ва ғанӣ ва бузургтарин кишвари Ховари Миёна аст, гуфт: Эрон бо Ҷопон равобити деринае дошта ва дар дидори ахири нахуствазири Ҷопон бо раисҷумҳури Эрон, беш аз пеш фаъолтар шудааст.

Доналд Нучетрлин, таҳлилгари сиёсӣ ва устоди донишгоҳи амрикоӣ мегӯяд: Ончи таҳти унвони дифоъ аз амният ва назми байналмилалӣ аз сӯи Амрико матраҳ мешавад, ба баҳои нобудии миллатҳои минтақа ва бесубот кардани бисёре аз арсаҳо тамом шудааст.  

Интизор меравад, ҳамонгуна, ки Чуичи Дата изҳор кард, сафари ҳайъати парлумонии Эрон ба Ҷопон фурсате барои афзоиши таомулоти миёни ду кишвар фароҳам кунад.