Мақоми пешини Полша: Душманӣ бо Эрон ба нафъи Варшава нест
Феврал 14, 2019 11:35 Asia/Dushanbe
Вазири дифои пешини Полша аз баргузории Иҷлоси Варшава бо мавзуи Эрон ва Ховари Миёна, ба мизбонии кишвараш интиқод кард.
Томас Шимониак, намояндаи парлумон ва вазири дифои пешини Полша, аз инки давлати ин кишвар мизбони нишасти зиддиэронӣ аст, интиқод кард ва гуфт, душманӣ бо Эрон ё кишварҳои дигар, ба нафъи Варшава нест.
Вай афзуд, Конфронси Варшава барои Ховари Миёна сулҳе ба армуғон нахоҳад овард, зеро тарафҳои зиёде аз Ховари Миёна монанди гурӯҳҳои фаластинӣ дар он ҳузур надоранд.
Нишасти дурӯзаи Варшава, ки Майик Помпео, вазири хориҷаи Амрико тарроҳи он маҳсуб мешавад, аз 13 феврал, бо ҳузури Амрико ва чанд кишвари дигар оғоз ба кор кардааст.
Барчасп