Феврал 14, 2019 13:27 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Эрон ба Сочии Русия сафар кард

Раиси ҷумҳури Эрон ба даъвати расмии "Владимир Путин" раиси ҷумҳури Русия барои ширкат дар нишасти раисони ҷумҳурии Эрон, Туркия ва Русия субҳи имрӯз панҷшанбе Теҳронро ба мақсади Соччӣ тарк кард.

Ба гузориши Пойгоҳи иттилорасонии раёсат ҷумҳурӣ, меҳвари нишасти якрӯзаи Соччӣ, муборизаи муштарак бо террорисзми минтақаӣ ва бозгардондани оромиш, бозгашти оворагон ва барқарории суботи сиёсӣ дар Сурия эълом шудааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин натиҷаҳои музокироти мавсум ба раванди Остона, ҳокимияти Сурия ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар даврони бозсозии ин кишвар мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор мегирад.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон қарор аст дар ҳошияи нишасти Соччӣ, ҷудогона бо  раисони ҷумҳурии Русия ва Туркия дидор ва машварат кунад.

Раисони ҷумҳурии Эрон, Туркия ва Русия нахустин бор дар соли 2017 дар шаҳри Сочии Русия, нишасте муштарак пайромуни Сурия баргузор карданд, ки аз замони ташкили ин нишаст токунун Эрон, Туркия ва Русия нақши муассире дар ҳаллу фасли сиёсии масоили Сурия ифо кардаанд.

 

Барчасп