Феврал 14, 2019 17:16 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб шаҳодати ҷамъе аз посдорони Инқилоби Исломиро таслият гуфтанд

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ шаҳодати ҷамъе аз посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҳодисаи террористии устони Сиистон ва Балучистонро таслият гуфтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи панҷшанбе дар паёме тасреҳ карданд: Дасти ҷинояткори муздурон бори дигар ба хуни ҷавонони солеҳ ва хидматгузори кишвар олуда шуд ва ҷамъе аз сармояҳои инсонӣ, ки худро вақфи ҳиросат(нигаҳдорӣ) аз марзҳо ва посдорӣ аз амнияти мардум карда буданд, дар ҳамлаи террористҳои сияҳрӯ ва сангдил ба шаҳодат расиданд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ афзуданд: Иртиботи омилони ин ҷиноят бо созмонҳои ҷосусии бархе кишварҳои минтақа ва фаромитақа мусаллам аст ва дастгоҳҳои масъули кишвар бояд бар он тамаркуз кунанд ва онро бо ҷиддият думбол кунанд.

Эшон таъкид карданд: Дастгоҳҳои масъул бо тамаркуз бар ин ҷиноят, ки иртиботи омилони он бо созмонҳои ҷосусии бархе кишварҳо мусаллам аст, мавзӯъро бо ҷиддият думбол кунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ба хонавода ва бозмондагони шаҳидони ин ҳамлаи террористӣ ва хонаводаи бузурги сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таслият ва табрик гуфтанд ва сабру подоши илоҳиро барои онон ва улувви дараҷот барои шуҳадо ва шифои оҷил барои маҷрӯҳон аз Худованди мутаол масъалат карданд.

Чаҳоршанбешаб як автобуси марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷодаи Хош - Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон, ҷанубушарқи Эрон, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии "Ҷайш ул зулм", ки мавриди ҳимояти бархе кишварҳои арабии минтақа, аз ҷумла Арабистон аст дар баёнияе масъулияти ин ҷиноятро бар ӯҳда гирифт.

 

Барчасп