Феврал 14, 2019 17:43 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон: Аз террористҳо интиқоми сахте гирифта хоҳад шуд

Вазири дифои Эрон гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз террористҳо ва ҳомиёни онҳо интиқоми сахте хоҳанд гирифт.

Генерал Амири Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон рӯзи панҷшанбе дар паёме бо баёни инки 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ба хоре дар чашми душманон табдил шудааст, гуфт, душманон дар шароите, ки қодир ба рӯёрӯӣ бо миллати Эрон ва нерӯҳои мусаллаҳи муқтадири Ҷумҳурии исломӣ нестанд, саъй мекунанд, шикастҳои пайдарпайи худ дар муқобили азамати миллати Эронро бо иқдомоти мазбуҳонаи террористӣ аз тариқи аносури муздур талофӣ кунанд.

Вазири дифои Эрон бо баёни инки тақвияти қудрати дифоӣ ва тавони боздорангии Эрон як асли инкорнопазир аст, таъкид кард, имрӯза чеҳраи воқеии душманон, истикбори ҷаҳонӣ, саҳюнистҳои ишғолгар, муртаҷеони мустабид дар минтақа, намоён ва ҳаққонияти Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз пеш ошкор шудааст.

Генерал Ҳотамӣ, хитоб ба террористҳо ва ҳомиёнашон гуфт, талош барои хадша ворид кардан ба Эрони исломӣ, ки ба як қудрати минтақаӣ ва улгӯн барои ҳамаи озодихоҳон дар ҷаҳон табдил шуда, роҳе абас ва беҳуда аст.

Чаҳоршанбешаб як автобуси марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷодаи Хош - Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон, ҷанубушарқи Эрон, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии "Ҷайш ул зулм", ки мавриди ҳимояти бархе кишварҳои арабии минтақа, аз ҷумла Арабистон аст дар баёнияе масъулияти ин ҷиноятро бар ӯҳда гирифт.

 

Барчасп