Феврал 15, 2019 17:28 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Баёнияи поёнии конфронси Варшава санади шикаст ва нокомии он аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Бо вуҷуди талоши густурдаи Вашингтон барои эҷоди эътилофи ҷадид алайҳи Эрон дар нишасти зиддиэронии Варшава, баёнияи поёнии ин нишаст аз пеш шикаст хӯрда, ба санади бехосият табдил шуд.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба баёнияи поёнии нишасти Варшава (пойтахти Полша) баёнияи поёнии ин нишастро фоқиди ҳар гуна эътибор донист ва тасреҳ кард: Конфронси таҳти унвони «Сулҳ ва амният дар Ховари Миёна» чӣ гуна метавонад муваффақ бошад, дар ҳоле, ки бозигарони аслии минтақа ҳамчун Эрон, Туркия, Лубнон, Сурия, Ироқ ва Фаластин ва кишварҳои муҳимме чун Чин ва Русия ва бисёре аз кишварҳои муҳими аврупоӣ ва ғайриаврупоӣ дар он ҳузур надошта ва ё дар сатҳи бисёр поин дар он ширкат карданд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон афзуд: Рафтори вазири хориҷа ва муовини раиси ҷумҳурии Амрико дар суханрониҳо ва исрори онҳо ба Аврупо барои хуруҷ аз БАРҶОМ, беҳтарин нишонаи нокомӣ ва нотавонии Амрико дар таҳаққуқи аҳдофашон аз иҷлоси Варшава аст.

Қосимӣ ба дугонагии рафтори Амрико дар баргузории конфронси сулҳ ва амният дар Ховари Миёна дар Варшава ва аз сӯе хуруҷ якҷониба аз БАРҶОМ ишора кард ва гуфт: Амрико бо сиёсатҳои риёкоронаи худ таниш ва даргирӣ ва ҳимоят аз терроризм ва низо ва хусумат дар миёни миллатҳои минтақаро афзоиш ва ноамнӣ, бесуботӣ, фақр, ҷангу ифротгароиро густариш додааст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Бо вуҷуди тамоми сиёсатҳои хасмона ва таҷовузкоронаи Амрико ва режими ишғолгари Қудс, мубориза ва муқовимат барои барқарории минтақае амн, босубот ва орӣ аз ҳузури қудратҳои бегона ва мутаҷовиз идома хоҳад ёфт.

Нишасти зиддиэронии Варшава рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе дар пойтахти Полша баргузор шуд. Ин нишаст бо нокомии талошҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ барои гунҷондани номи Эрон дар баёнияи поёнии он поён ёфт.