Феврал 16, 2019 12:06 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз намоишгоҳи «Фарҳанг ва тамаддуни Эрон» дар Руминия

Намоишгоҳи «Фарҳанг ва тамаддуни Эрон» дар Бухарест мавриди истиқболи ҷамъи зиёде аз мардуми Руминия, намояндагиҳои дипломатӣ, шахсиятҳои донишгоҳӣ ва эрониёни муқими ин кишвар қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, дар ин намоишгоҳ, ки бо ҳамкории намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Академияи Руминия баргузор шуд, нақшаҳои қадимии Эрон ва кутуби хаттии эронии мавҷуд дар Академияи Руминия бо тамаркуз бар мавзӯи халиҷи Форс ба намоиш гузошта шуд.

Муртазо Абутолибӣ, сафири Эрон дар Бухарест рӯзи ҷумъа дар маросими кушоиши ин намоишгоҳ бо ишора ба қидмати фарҳанг ва тамаддуни Эрон гуфт, фарҳанги эронӣ барои муддати тӯлонӣ фарҳанги ғолиб дар Хховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ва забони форсӣ - забони расмии минтақа дар ҳазораи дувум будааст.

Абутолибӣ зимни таъкид бар мушаххас будани номи халиҷи Форс дар нақшаҳои қадимии минтақа ба унвони санади муътабар гуфт, халиҷи Форс маншаи арзишҳои фарҳангӣ ва маҳаллӣ аст, ки ба ҳувият ва зиндагии минтақа муттасил шуда ва имрӯз ба лутфи ин мерос халиҷи Форс табдил ба намоди таърих ва фарҳанги Ховари Миёна шудааст.

 

Барчасп