Феврал 16, 2019 16:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури вазири умури хориҷаи Эрон дар Иҷлоси Мюнхен, фурсате барои табйини воқеиятҳои минтақа

Конфронси амниятии Мюнхен аз рӯзи ҷумъа, бо ҳузури беш аз 35 тан аз раҳбарон, 50 вазири хориҷа ва 30 вазири дифоъ аз саросари ҷаҳон оғоз ба кор кард.  

Ин конфронс, фурсате барои ширкаткунандагон эҷод хоҳад кард, то муҳимтарин мавзуоти амниятии минтақаӣ ва ҷаҳониро баррасӣ кунанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон низ бо ширкат дар Иҷлоси амниятии Мюнхен дар бораи сиёсатҳои ҷумҳурии исломии Эрон ва воқеиятҳои минтақа суҳбат хоҳад кард.  

Конфронси амниятии Мюнхен аз 1963 токунун ҳар сола бо ҳадафи эҷоди эътимоди мутақобил байни кишварҳо ва тасмимгирандагони амниятӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ба манзури хидмат ба ҳалли мусоламатомези ихтилофҳо ва даргириҳо бо ҳифзи гуфтугӯи пайваста дар даруни ҷомеаи амниятии байналмилал баргузор мешавад.  

Вазири хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо NBC гуфт: Ҳамон афроде, ки мувофиқи ҷанги Ироқ алайҳи Эрон буданд, ба дунболи ҷанг бо Эрон ҳастанд, аммо дар ниҳоят ин афрод хоҳанд фаҳмид, ки ҷанг бо Эрон бар онҳо дар ҳукми худкушӣ хоҳад буд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, апрели гузашта дар суханоне тасреҳ карданд: "Агар бино буд, ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон аз қудратҳо битарсад ва дар муқобили онҳо ақибнишинӣ кунад, акнун дигар ҳеҷ асар ва нишоне аз Эрон ва эронӣ боқӣ намемонад".

Саидбоқири Закии Скуӣ, таҳлилгари байналмилал мегӯяд: "Эрон собит кард, метавонад дар шароити кунунии минтақа дар ростои рафъи таҳдидҳои амниятӣ ва афзоиши амнияти нисбӣ дар қолаби модели амнияти минтақаии давлат-миллатҳои мустақил нақше муассир ифо кунад".

Таҷруба аммо нишон медиҳад то замоне, ки як талоши ҷамъӣ барои эҷоди сулҳи фарогир ва амният вуҷуд надошта бошад, ҳамчунон бояд назорагари муноқишот ва ноамниҳо буд.