Қосимӣ: Изҳороти зиддиэронии Майк Пенс пуч ва таблиғотӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41759-Қосимӣ_Изҳороти_зиддиэронии_Майк_Пенс_пуч_ва_таблиғотӣ_аст
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти зиддиэронии Майк Пенс, муовини раисиҷумҳури Амрико гуфт, ин изҳорот пуч, таблиғотӣ ва аз сари кина ва асабоният аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 16, 2019 21:33 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Изҳороти зиддиэронии Майк Пенс пуч ва таблиғотӣ аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти зиддиэронии Майк Пенс, муовини раисиҷумҳури Амрико гуфт, ин изҳорот пуч, таблиғотӣ ва аз сари кина ва асабоният аст.

Муовини раисиҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа пас аз нофарҷомии нишасти зиддиэронии Варшава, иттиҳоми беасоси яҳудситезии мушобеҳи нози (натсист)-ҳоро алайҳи Эрон матраҳ кард.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИСНА бо таъкид бар инки  изҳороти зиддиэронии Пенс, хадшае бар навъи нигоҳи эрониёни мусулмон ба ҷомеаи яҳудиён ворид намекунад, афзуд, собиқаи таърихӣ ва фарҳангии Эрон дар ҳамзистӣ ва эҳтиром ба адёни илоҳӣ бавижа дини яҳуд дар асноди мӯътабари таърихии милали мухталиф сабт шудааст.

Қосимӣ, табиати таҷовузгарӣ ва ишғолгарии режими саҳюнистиро омили нифоқ ва тафриқа байни кишварҳои минтақа ва решаи буҳрон дар минтақаи ғарби Осиё донист ва тасреҳ кард, амрикоиҳо бидонанд, бо ин иттиҳомот ва суханони ботил ва берабт, мушкиле аз асли мавзӯъ ва решаҳои буҳрони минтақаи ғарби Осиё ҳал нахоҳад шуд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон хитоб ба ин мақоми амрикоӣ ва ҳампаймононаш таъкид кард, таърих мамлув аз ҳақоиқе аст, ки ҳаргиз ҳеҷ қудрате барои ҳамеша қодир ба ҳазф ва ё тағйири он нест.

Нишасти зиддиэронии Варшава, ки рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе дар пойтахти Полша баргузор шуд, бо нокомии талошҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ барои гунҷондани номи Эрон дар баёнияи поёнии он, поён ёфт.