Феврал 17, 2019 10:44 Asia/Dushanbe
  • Филми кӯтоҳи эронӣ барандаи ҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии филми Берлин

Филми кӯтоҳи эронии "Тату" ҷоизаи беҳтарини филми кӯтоҳ дар бахши мухотабони ҷавони ҷашнвораи байналмилалии филми Берлинро аз они худ кард.

Ба гузориши ИРНА, шастунӯҳумин ҷашнвораи байналмилалии филми Берлин (Berlinale) рӯзи шанбе бо муаррифии осори баргузида ба кори худ поён дод ва филми кӯтоҳи эронии "Тату" муваффақ ба касби хирси булурини беҳтарин филми кӯтоҳ дар бахши мухотабони ҷавони ин ҷашнвора шуд.

Дар бахши аслии ҷашнвора, хирси тиллоии беҳтарин филм ба "Мутародифҳо" расид.

Шастунӯҳумин ҷашнвораи байналмилалии филми Берлин, ки аз ҳафтуми феврал оғоз ба кор карда буд, шомгоҳи шанбе поён ёфт.

Дар ин ҷашнвора, 400 филм аз 74 кишвар намоиш дода шуд.