Феврал 17, 2019 11:52 Asia/Dushanbe
  • Маросими ҷанозаи шуҳадои ҳамлаи террористии Сиистон ва Балучистон

Пайкари 27 шаҳиди ҳамлаи террористии Сиистон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон, рӯзи шанбе дар шаҳри Исфаҳон (маркази Эрон) ташйиъ шуд.

Ширкаткунандагон дар ин маросим бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ дар Сиистон ва Балучистон, бо сар додани шиорҳои гирифтани интиқоми хуни ин шуҳадоро хостор шуданд.

Чаҳоршанбешб (13 феврал) як автобуси ҳомили марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош - Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии мавсум ба "Ҷайшуззулм" масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп