Феврал 18, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Теҳрон ва Санкт-Петербург

Донишгоҳҳои Теҳрон, Улуми пизишкии Теҳрон ва Санкт-Петербурги Русия тафоҳумномаи ҳамкории муштарак дар Теҳрон имзо карданд.

Бар асоси ин тафоҳумнома, ки тавассути Маҳмуди Найлии Аҳмадободӣ, раиси Донишгоҳи Теҳрон ва Николай Кропачев, раиси Донишгоҳи Санкт-Петербурги Русия имзо шуд, тарафайн дар заминаҳои табодули донишҷӯ, табодулоти илмӣ, эҷоди маркази мутолеоти Эрон дар донишгоҳи Санкт-Петербург ва баргузории озмуни забони русӣ дар Донишгоҳи Теҳрон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Найлии Аҳмадободӣ ва Кропачев пеш аз имзои ин тафоҳумнома бо таъкид бар тавсеаи фаъолиятҳо ва ҳамкории муштарак дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла баҳрагирии имконоти озмоишгоҳӣ, тадвини мақолоти муштарак, ҳамкорӣ дар ҷиҳати табодули устод ва донишҷӯ ва тахсиси будҷаи муштарак барои тарҳҳои таҳқиқотӣ табодули назар карданд.

Эҷоди марокизи мутолеоти эроншиносӣ ва русияшиносӣ, омӯзишҳои маҷозӣ, баргузории коргоҳҳои илмии муштарак, баргузории озмунҳои стандарти забони русӣ дар Донишгоҳи Теҳрон ва тавсеаи таомулоти фарҳангӣ аз дигар меҳварҳои ин гуфтугӯ буд.