Феврал 19, 2019 18:41 Asia/Dushanbe

Вазири хориҷаи Эрон дар Конфронси амниятии Мюнхен, ки муҳимтарин конфронси амниятии дунёст, бо маҳорати худ дар гуфтугӯи дипломатӣ ҳамаи ҳозиронро мутаҳайир кард.

Торнамои Политику дар гузорише бо ишора ба ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар Конфронси амниятии Мюнхен таъкид кард: Зариф мухотабонашро масҳур кард ва нишон дод, ки Эрон камар хам накардааст.  

Ин вебсайти хабарӣ афзуд: Ӯ дар ҳоле, ки давлати Трампро дарҳам мекубад ва иқдомоти бештари Аврупоро барои ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) хостор шуда буд ва тасвире аз нигоҳи Теҳрон ба дунё тарсим мекард, мухотабонашро, ки муташаккил аз соҳибони мансаб буданд, ба муддати ҳудуди чиҳил дақиқа масҳур кард.

Политику менависад: Амалкарди ӯ таъсиргузор ва ба забони англисӣ равон ва муҳовираӣ буд ва суханрониаш ба далели сароҳат, шуҷоат ва ба мавқеъ буданаш, ба нақли маҳфил дар Конфронси амниятии Мюнхен табдил шуд.

 

Барчасп