Феврал 19, 2019 19:33 Asia/Dushanbe
  • Ибдои равиши дармони тумурҳои бадхими мағзӣ дар Эрон

Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид биҳиштии Эрон гуфт: Муҳаққиқони ин донишгоҳ барои аввалин бор дар дунё тавонистанд равиши дармони тумурҳои бадхими мағзиро ибдоъ кунанд.

Муҳаммади Оқоҷонӣ, раиси Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид биҳиштии Эрон эълом кард, яке аз марокизи таҳқиқотии ин донишгоҳ бо баҳрагирӣ аз устодони ботаҷруба, ахиран ба як равиши пешрафта барои дармони тумурҳои бисёр бадхим ва сахтдармон даст пайдо кардааст.  

Оқоҷонӣ афзуд: Ин равиш дар дармони теъдоде аз беморон натоиҷи хубе ба ҳамроҳ доштааст.

Вай гуфт: Яке аз бемориҳои сахтдармон тумури бадхими мағзӣ аст, ки барои бархе аз ин тумурҳо токунун ҳеҷ дармони муассире ибдоъ нашудааст.

 

Барчасп