Феврал 20, 2019 13:00 Asia/Dushanbe

Дар шароите, ки таҳримҳои Амрико зидди Эрон ба авҷи худ расидааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонист полоишгоҳи азими Ситораи халиҷи Форсро бо ифтитоҳи фази севуми ин полоишгоҳ ба баҳрабардорӣ бирасонад ва ниёзи худ ба воридоти бензинро ба таври комил аз байн бибарад.

Бо дар мадор қарор гирифтани фази 3, полоишгоҳи нафти Ситораи халиҷи Форс қодир хоҳад буд, рӯзона то 45 миллион литр бензини евро 5, ҳамчунин 12 миллион литр нафтгаз (сухти дизели), 3 миллион литр гази мойеъ ва 2 миллион литр сӯхти Ҷет тавлид кунад.

Дар ҳоли ҳозир маҳсулоти тавлидии ин полоишгоҳ шомили бензин, нафтгаз, эл пи ҷи, ҳидрожен, гӯгирд ва сӯхти Ҷет аст.

Мизони тавлиди бензин бар асоси тарроҳии ибтидоии 12 миллион литр дар рӯз аст, ки қобилияти афзоиши то 15 миллион литр дар рӯзро дорад.

Зарфияти дарёфти хӯроки полоишгоҳ майиъонот (конденсат)- и газии Ситораи халиҷи Форс 120 ҳазор бушка дар рӯз буда, ки то кунун иштиғолзоии доими 600 нафариро низ дарбар доштааст.

Полоишгоҳи майиъоноти газии нафти Ситораи халиҷи Форси Эрон то кунун бо пешрафти физикии 98.35 ва сармоягузории ҳудуди 192 миллиард тумон дар ростои таъмини энержии мавриди ниёзи Эрон машғул ба фаъолият аст.