Оғози размоиши “Вилоят 97”-и Нерӯи дарёии артиши Эрон аз фардо
(last modified Thu, 21 Feb 2019 12:24:28 GMT )
Феврал 21, 2019 17:24 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши “Вилоят 97”-и Нерӯи дарёии артиши Эрон аз фардо

Фармондеҳи Нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт: Размоиши бузурги “Вилоят 97”-и нерӯи дарёии артиши Эрон бо ҳадафи муқобила бо ҳар гуна таҳдид ва эъломи омодагӣ ба кишварҳои ҳамсоя барои расидан ба амнияти ҷамъӣ, фардо (ҷумъа) оғоз хоҳад шуд.

Ҳусайни Хонзодӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии ташреҳи размоиши бузурги “Вилоят 97” изҳор кард, ин размоиш аз фардо (ҷумъа) ба муддати се рӯз дар маҳдудаи 2 миллионкилометр аз минтақаи Тангаи Ҳурмуз, савоҳили Макрон, дарёи Уммон, шимоли Уқёнуси Ҳинд то мадори 10 дараҷаи шимолӣ дар шимоли Уқёнуси Ҳинд бо режаи дарёӣ аз соҳили шаҳристони Ҷоски устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон оғоз мешавад.

Хонзодӣ афзуд, ин размоиш  дар чаҳор фоз ба марҳала иҷро дархоҳад омад ва тамомии таҷҳизоти умда бакор гирифта хоҳад шуд.

Вай тасреҳ кард, тамрини муқобила бо ҳаргуна таҳдид, озмоиши анвои таслиҳот, арзёбии омодагии таҷҳизот ва нерӯи инсонӣ ва афзоиши маҳорат, масъулиятпазирии нерӯи дарёӣ дар таъмини амнияти манотиқи дарёӣ ва эъломи омодагӣ барои расидан ба амнияти ҷамъӣ ба кишварҳои ҳамсоя, аз аҳдофи ин размоиш аст.

Хонзодӣ хотирнишон кард, дар ин размоиш амалиёти нишаст ва бархости болгардҳои зиддизердарёӣ ва зерсатҳӣ аз арашаи новшикани Ҷумҳурии Исломии Эрон «Саҳанд» анҷом хоҳад шуд.

Фармондеҳи Нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин гуфт, новшикани Ҷумҳурии Исломии Эрон, зердарёии «Фотеҳ» ва партоби мушак аз зердарёӣ низ нахустин бор дар тамриноти дарёии размоиши “Вилоят 97” бакор гирифта мешавад.