Феврал 22, 2019 18:29 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Покистон барои ҳамкорӣ бо Эрон дар пайгирии ҳамлаи террористии Зоҳидон

Вазири умури хориҷаи Покистон гуфт: Исломобод дар хусуси пайгирии ҳамлаи террористии ахир дар ҷодаи Хош - Зоҳидони устони Сиистон ва Балучистони Эрон омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ бо ин кишвар аст.

Ба гузориши  ИРНА, Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Дунёнюси Покистон афзуд: Исломобод ҳамлаи террористии Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон дар ҷанубу шарқи Эронро маҳкум карда ва дар ин хусус бо Теҳрон дар тамос аст.

Вазири умури хориҷаи Покистон афзуд: Гуфтугӯи машрӯҳе бо Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон анҷом дода ва илова бар ин як ҳайати коршиносӣ ба Теҳрон эъзом кардаем, ки аъзои он бо мақомоти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ дидор карданд.

Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ таъкид кард: Эрон ва Покистон бар ҳамкории муштарак тавофуқ кардаанд ва Исломобод низ қатъан нигарониҳои тарафи эрониро рафъ ва тамоми ихтилофотро ҳал хоҳад кард.

13 феврал як автобуси марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош - Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии мавсум ба "Ҷайшулъадл" масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.

Омили аслии ин ҳамлаи интиҳорӣ як шаҳрванди Покистон ба номи Ҳофиз Муҳаммад Алӣ будааст.