Феврал 23, 2019 15:57 Asia/Dushanbe
  • Партоби “Аждари электрики” дар размоиши дарёии “Вилоят -97”

Дар дувумин рӯз аз размоиши дарёии “Вилоят – 97” воҳиди зерсатҳӣ ва болгардҳои Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдом ба шиллики “Аждар” ва нобудии аҳдофи аз пеш таъйиншуда карданд.

Ягонҳои зерсатҳии Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе, дар дувумин рӯз аз марҳалаи размоиши дарёии “Вилоят -97”, бо бакоргирии анвои аждарҳо, бо таҳдидоти сатҳӣ ва зерсатҳӣ муқобила карданд.

Дар ин размоиш зердарёии “Ториқ” иқдом ба партоби “Аждари электирики” кард ва зердарёии “Ғадир” низ “Аждар” -и бумӣ ва “Алфаҷр”- ро шиллик кард.

Як болгарди SH низ дар идомаи ин размоиш, бо партоби “Аждар” ҳадафи худро дар дарё мавриди исобат қарор дод.

“Аждар” - силоҳи инфиҷории партобӣ аст, ки аз дарё ва дар даруни об партоб мешавад.

Як новшикан ва новчаи мушакандоз низ дар размоиши дарёии “Вилоят -97” бо шиллики ду мушаки крузи “Қодир” ва “Қадир”, аҳдоф дарёии аз пеш таъйиншударо мунҳадим карданд.

Размоиши дарёии “Вилоят – 97” рӯзи ҷумъа дар шарқи тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммон оғоз шуд. Ин размоиш ба муддати се рӯз баргузор мешавад.