Зариф Трампро таҳдид ба амали мутақобил кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41937
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи швейтсарияии “BaselRelease”, гуфт, Трамп аз ғофилгирӣ хушаш меояд ва ба ҳамин далел мо ҳам бо вай ҳаминтавр рафтор хоҳем кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 23, 2019 18:12 Asia/Dushanbe
  • Зариф Трампро таҳдид ба амали мутақобил кард

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи швейтсарияии “BaselRelease”, гуфт, Трамп аз ғофилгирӣ хушаш меояд ва ба ҳамин далел мо ҳам бо вай ҳаминтавр рафтор хоҳем кард.

Ба гузориши Спутник, вазири хориҷаи Эрон дар посух ба инки Эрон то чӣ замоне дар тавофуқи ҳастаӣ, боқи хоҳад монд афзуд, ин ба хости мардум бастагӣ дорад. Ақаллияти бисёр қудратманде дар кишвари мо мухолифи БАРҶОМ буданд, вале агар мардум бештар хашмгин шаванд, ин гурӯҳ мумкин аст ба зуддӣ ба аксарият табдил шаванд.

Зариф таъкид кард, назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки ҳамчунон 51 дарсад мардум аз мондан дар БАРҶОМ ҳимоят мекунанд ва мо наметавонем хилофи хости мардум амал кунем.

Зариф афзуд, агар ҳамаи муштариёни нафти Эрон тасмим бигиранд, ки дар баробари таҳдидҳои Амрико сар фуруд оваранд, дар ин сурат Эрон ҳам абзори дигаре хоҳад дошт, ки ман дар мавриди он чизе намегӯям. Трамп аз ғофилгирӣ хушаш меояд ва ба ҳамин далел мо  ҳам бо вай ҳаминтавр рафтор хоҳем кард.