Феврал 24, 2019 12:08 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии 13 нафар аз авомили ҳамлаи террористии Сиистон ва Балучистон

Додситони  Зоҳидон, маркази устони Сиистон ва Балучистон дар ҷанубу шарқи Эрон, аз дастгирии 13 нафар дар иртибот бо ҳамлаи террористии меҳвари Хош – Зоҳидон хабар дод.

Ба гузориши ИСНА, Алии Муваҳҳидии Род додситони Зоҳидон гуфт: Таҳқиқот дар бораи ҳамлаи террористии меҳвари Хош – Зоҳидон то дастгирии тамоми авомили таъсиргузор идома дорад.

Чаҳоршанбешаб (13 феврал) як автобуси марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош - Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

 Гурӯҳаки террористии мавсум ба "Ҷайшулъадл" масъулият ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.

 

Барчасп